DAV.TJ
    JOIN US
    Logo
    InstagramTelegramFacebookYouTubeTwitch
    Тоҷикӣ

    Тоҷикӣ

    Дав: Backyard Ultra Tajikistan 2024 Сана: 13 июли соли 2024 Оғоз: 19:00 (+5GMT) Макон: Душанбе (тарабхонаи Чаманоро) Масофа: 6.706км (1 давр дар 1 соат)

    ДАР БОРАИ ДАВ:

    Иштирокчиён бояд пайваста масофаи 6706 метрро (6.706 км) дар камтар аз як соат даванд. Пас аз анҷоми даври навбатӣ, вақти боқимондаи то охири соат метавонад бо ихтиёри даванда, аз ҷумла хӯрок хӯрдан, иҷрои эҳтиёҷоти табиӣ ва/ё истироҳат истифода шавад. Барои ин мақсадҳо вақти дигар пешбинӣ нашудааст. Иштирокчие, ки аз ҳама бисёртар давраҳои пурраро анҷом медиҳад, ғолиб мебарояд. Маълумоти иловагӣ оиди дав бо забони русӣ дар Wikipedia.

    БАРНОМА

    13 июли соли 2024

    18:00 — ҷамъшавии иштирокчиён

    18:30 — брифинг барои иштирокчиён ва акси якҷоя

    19:00 — оғоз

    ЧИ ТАВР МЕТАВОН ИШТИРОК КАРД? Барои иштирок намудан дар ин дав ба шумо 3 вариант пешниҳод мегардад: Вариант 1: 30 сомонӣ барои иштирок (маблағ барои хайрия сарф мегардад) Варинат 2: 100 сомонӣ барои иштирок + медали махсус (пас аз харҷҳо боқимонда маблағ ба хария сарф мегардад) Вариант 3: 150 сомонӣ барои иштрок + медали махсус + сипос барои дастгирии амали хайр ва иқдоми нек.

    Шарҳ
    Вариант 1
    Вариант 2
    Вариант 3
    Нарх
    30 сомонӣ
    100 сомонӣ
    150 сомонӣ
    Хайрия
    Бале
    Бале
    Бале
    Об ва қаҳва
    Шомил
    Шомил
    Шомил
    Мева ва меваи хушк
    Шомил нест
    Шомил
    Шомил
    Медали махсус
    Шомил нест
    Шомил
    Шомил
    Сипоси алоҳида барои кӯмак ва кори хайр
    Шомил нест
    Шомил нест
    Шомил

    Миқдори иштирокчиён маҳдуд нест, лекин миқдори медалҳо маҳдуданд. Пардохти минималии ба миқдори 30 сомонӣ барои ҳама иштирокчиён ҳатмист. Медалҳо аз рӯи фурӯш, касе пешпардохт намуд ба ҳамон ҷудо мегардад (танҳо 25 донаи дигар мондааст). Маблағро ба корти клуб мегузаронем: 4444 8844 1081 0231 (корт ба номи Саодат Я. қайд шудааст). Пардохт баргардонида намешавад. Пас аз пардохт, ба боти мо скриншоти пардохтро ва ному насаби худро ирсол намоед: https://t.me/davtjsupport_bot

    САВОЛУ ҶАВОБ:

    ‣
    Дарозии як давр чанд километр аст?
    • Як давр ба 6706 метр ё 6.7км баробар аст.
    ‣
    Ба як давр чи қадар вақт ҷудо мешавад?
    • Як давр танҳо 1 соат давом мекунад. Яъне ҳар як соат, як даври нав.
    ‣
    Аз хатсайри дав берун баромадан мумкин?
    • Иштирокчиён бояд дар оғози ҳар соат дар назди макони оғоз ҳозир бошанд.
    ‣
    Оё пеш аз оғози ҳар як даври нав ба иштирокчиён сигнал дода мешаванд?
    • Бале, сигналҳои огоҳкунанда 3 дақиқа пеш аз оғози навбатӣ дода мешаванд.
    ‣
    Иштирокчӣ кай хориҷшуда ҳисобида мешавад?
    • Агар иштирокчӣ барои оғози даври нав вақт надошта бошад (бо ягон сабаб), ӯ аз дав хориҷ карда мешавад.
    ‣
    Агар иштирокчӣ як даврро пеш аз анҷоми соат анҷом диҳад, метавонад истироҳат кунад?
    • Бале, пас аз ба охир расидани давр, вай метавонад то оғози даври навбатӣ истироҳат кунад.
    ‣
    Метавонанд иштирокчиён дар дигар макон ва дигар хатсайр бидаванд?
    • Не, иштирокчӣ аз хатсайри давр баромада наметавонад (ба истиснои рафтан ба ҳоҷатхона). Мусобиқаҳо дар дигар ҷойҳо эътибор надоранд.
    ‣
    Ҳар як давр барои ҳама дар як вақт оғоз мегардад?
    • Бале, ҳар соат ҳамаи иштирокчиёне, ки дар вақташ даврро тамом карданд, даври навбатиро дар як вақт оғоз мекунанд.
    ‣
    Дар кадом ҳолатҳо ғолиб муайян карда мешавад?
    • Ғолиб он иштирокчӣ мегардад, ки давраро тарк карда, онро анҷом додааст. Танҳо як ғолиб буда метавонад. Таснифи мардон ва занон вуҷуд надорад. Ҳамаи иштирокчиёни боқимонда ҳамчун иштирокчиёни нопурра ҳисобида мешаванд. Агар дар озмун зиёда аз 1 иштирокчӣ боқӣ монад ва ҳеҷ кас ба даври баъдӣ наояд, ғолиб нест. Ҳамаи иштирокчиёне, ки барои иштирокашон 100 сомонӣ ё бештар маблағ супориданд, бо медали махсус мукофотонида мешаванд.
    ‣
    Мусобиқа кай анҷом мегардад?
    • Мусобиқа дар ду ҳолат анҷомшуда ҳисобида мешавад: вақте ки иштирокчии охирин ва ягона даври охиринро ба анҷом расонидааст ё ҳеҷ кас даври навро оғоз намекунад.
    ‣
    Оё аз дигар кас кӯмак пурсидан мумкин аст?
    • Дар давоми тамоми давр, ҳама гуна кӯмак аз ҷониби шахси дигар манъ аст. Ҳаводорӣ ва кӯмак метавонад танҳо дар минтақаи оғоз/марра ҷойгир шуда, пешниҳод гардад.
    ‣
    Оё истифодаи чӯбдастҳо (палкаҳо сайёҳӣ) мумкин аст?
    • Истифодаи асбобҳои ёрирасон (аз ҷумла чӯбдастҳои сайёҳӣ) ва ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ аст.
    ‣
    Оё хӯрок пешниҳод мегардад?
    • Не. Масъулият барои ғизо дар роҳ ва минтақаи оғоз/марра ба худи ширкаткунандагон аст.
    ‣
    Оё барои иштирокчиён об дода мешавад?
    • Дар майдони оғоз/марра иштирокчиён бо об таъмин мегарданд.
    ‣
    Дигар қоидаҳо?
    • Давандагони сустар ба давандагони тезтар бояд роҳ диҳанд.

    ОИДИ ХАТСАЙР ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН:

    ‣
    1. Бехатар

    Старт сзади стадион Фрунзе, где Джазира и Манеж. Бежим в сторону новой мечети, дальше на восток (право) в сторону Товуса (Сиёма). От Товуса далее по асфальту либо по плитке до локации разворота на против водопада (не добегая до Наврузгоха). Далее бежим в сторону моста Путовского и с северной части моста поднимаемся на мост Путовский. Далее до Манежа. Один круг 6.706км. Ни в каком участке маршрута бегуну не придется перейти дорогу. Дав аз паси стадиони Фрунзе, ки дар он ҷо Ҷазира ва манеж мебошанд, оғоз мегардад. Иштирокчиён ба сӯи масҷиди нав давида, пас ба шарқ (рост) ба сӯи Товус (Сиёма) медаванд. Аз Товус боз кад-кади Душанбинка то ҷои гардиши рӯ ба рӯи шаршара (ба Наврӯзгоҳ нарасида). Баъд ба суи мости Путовский давида, аз кисми шимолии он ба мости Путовский мебарянд ва ба манеж идома медиҳанд. Як давр 6.706 км ташкил медиҳад. Ба даванда лозим намеояд, ки дар ягон нуқтаи масир аз роҳ убур кунад.

    ‣
    2. Дастрасӣ ба мағозаҳо

    Агар даванда дар мобайни хатсайр нӯшидан ё хӯрок хӯрдан хоҳад мағозаи «Сиёма» то бевактӣ то соати 11 шаб кор мекунад ва дар ин сурат иштирокчӣ метавонад аз онҷо чизҳои лозимӣ харад. Ҳар кас ғизои худро меорад.

    ‣
    3. Дастрасӣ ба ҳоҷатхона

    В 3 точках будет туалет, если бегуну нужно в уборную. Туалет будет на старте, второй напротив магазин Сиёмы и третье где разворот маршрута возле водопада. Дар 3 нуқта ҳоҷатхона мавҷуд аст, агар ба даванда зарурати ба ҳоҷатхона рафтан пайдо гардад. Дар назди макони оғоз ҳоҷатхона мавҷуд аст. Дуюм ҳоҷатхона дар рӯ ба рӯи мағозаи Сиёма ва сеюмӣ дар он ҷое, ки масир дар назди шаршара гардиш мекунад.

    ‣
    4. Қулай

    Дар ҳолати худро ногувор ҳис намудан, иштирокчӣ метавонад аз сари роҳ таксӣ қапад.

    ‣
    5. Рӯшан

    Азбаски ин маркази шаҳр аст, ҳатто дав дар шаб бо ҷароғҳои маркази шаҳр равшан аст.

    ‣
    6. Фиреб кардан душвор

    Агар иштрокчӣ хатсайрро буридан хоҳад ё фиреб кардан хоҳад, пас ин хатсайр хеле ноқулай мебошад, зеро аз байри масири дав дарёи Душанбинка равон аст. Ҳамаи гузаргоҳҳо махкаманд, ба истисноси як гузаргоҳ дар паси боғи Умари Хаём, ки он ҳам махкам аст. Буриш ё кам намудани хатсайр хеле душвор аст.

    МЕДАЛҲОИ МАХСУС: Материал: оҳан (хӯлаи синк) Вазн: 70 грамм Андоза: 65*80*4мм Навиштаҷот дар банд: Backyard Ultra Tajikistan 2024. Андозаи банд: 90x3см

    ‣
    ПАЙВАНДҲО:

    Макони оғоз назди тарабхонаи Чаманоро, дар рӯ ба рӯи ҷазира, ба харита нигаред https://maps.app.goo.gl/rQzUXetXNKBzpQ7GA Хатсайри дар дар OnTheGoMap: https://onthegomap.com/s/28k5v6bu Хатсайри дав дар Strava: https://www.strava.com/routes/3235079335114359902 Парвандаи GPX :

    Backyard Ultra Tajikistan 2024.gpx10.3KB

    Бозгашт