Дав: Backyard Ultra Tajikistan Khujand 2025
Сана: 03 майи соли 2025 (шанбе)
Оғоз: 07:00 (+5GMT)
Макон: Хуҷанд (Боғи Камоли Хуҷандӣ)
Масофа: 6.706км (1 давр дар 1 соат)
ДАР БОРАИ ДАВ:
Иштирокчиён бояд пайваста масофаи 6706 метрро (6.706 км) дар камтар аз як соат даванд. Пас аз анҷоми даври навбатӣ, вақти боқимондаи то охири соат метавонад бо ихтиёри даванда, аз ҷумла хӯрок хӯрдан, иҷрои эҳтиёҷоти табиӣ ва/ё истироҳат истифода шавад. Барои ин мақсадҳо вақти дигар пешбинӣ нашудааст. Иштирокчие, ки аз ҳама бисёртар давраҳои пурраро анҷом медиҳад, ғолиб мебарояд. Маълумоти иловагӣ оиди дав бо забони русӣ дар Wikipedia.
БАРНОМА
03 майи соли 2025
06:00 — ҷамъшавии иштирокчиён дар боғи Камоли Хуҷандӣ
06:30 — брифинг барои иштирокчиён ва акси якҷоя
07:00 — оғоз
ЧИ ТАВР МЕТАВОН ИШТИРОК КАРД?
Ба ҳар як иштирокчиёни дав: кифи махсус + футболкаи махсус ва медали Backyard Ultra Tajikistan Khujand 2025 дода мешавад. Барои гирифтани медал, иштирокчӣ бояд ҳадди ақал масири давро як маротиба давад.
Миқдори иштирокчиён маҳдуд нест, лекин миқдори медалҳо маҳдуданд.
Медалҳо аз рӯи фурӯш, касе худро бақайд гирифт (формаи бақайдгирӣ дар поёни ҳамин саҳифа), пешпардохт намуд ба ҳамон ҷудо мегардад. Маблағро ба корти клуб мегузаронем: 4444 8844 1081 0231 (корт ба номи Saodat Yakhyaeva қайд шудааст). Пардохт баргардонида намешавад ва ба дигар даванда гузаронида намешавад. Дар ҳолати пайдо шудани савол, метавонед тавассути боти мо тамос гиред: https://t.me/davtjsupport_bot
САВОЛУ ҶАВОБ:
Дарозии як давр чанд километр аст? - Як давр ба 6706 метр ё 6.7км баробар аст.
Ба як давр чи қадар вақт ҷудо мешавад? - Як давр танҳо 1 соат давом мекунад. Яъне ҳар як соат, як даври нав.
Аз хатсайри дав берун баромадан мумкин? - Иштирокчиён бояд дар оғози ҳар соат дар назди макони оғоз ҳозир бошанд.
Оё пеш аз оғози ҳар як даври нав ба иштирокчиён сигнал дода мешаванд? - Бале, сигналҳои огоҳкунанда 3 дақиқа пеш аз оғози навбатӣ дода мешаванд.
Иштирокчӣ кай хориҷшуда ҳисобида мешавад? - Агар иштирокчӣ барои оғози даври нав вақт надошта бошад (бо ягон сабаб), ӯ аз дав хориҷ карда мешавад.
Агар иштирокчӣ як даврро пеш аз анҷоми соат анҷом диҳад, метавонад истироҳат кунад? - Бале, пас аз ба охир расидани давр, вай метавонад то оғози даври навбатӣ истироҳат кунад.
Метавонанд иштирокчиён дар дигар макон ва дигар хатсайр бидаванд? - Не, иштирокчӣ аз хатсайри давр баромада наметавонад (ба истиснои рафтан ба ҳоҷатхона). Мусобиқаҳо дар дигар ҷойҳо эътибор надоранд.
Ҳар як давр барои ҳама дар як вақт оғоз мегардад? - Бале, ҳар соат ҳамаи иштирокчиёне, ки дар вақташ даврро тамом карданд, даври навбатиро дар як вақт оғоз мекунанд.
Дар кадом ҳолатҳо ғолиб муайян карда мешавад? - Ғолиб он иштирокчӣ мегардад, ки давраро тарк карда, онро анҷом додааст. Танҳо як ғолиб буда метавонад. Таснифи мардон ва занон вуҷуд надорад. Ҳамаи иштирокчиёни боқимонда ҳамчун иштирокчиёни нопурра ҳисобида мешаванд. Агар дар озмун зиёда аз 1 иштирокчӣ боқӣ монад ва ҳеҷ кас ба даври баъдӣ наояд, ғолиб нест. Ҳамаи иштирокчиёне, ки барои иштирокашон пардохт намудаанд, бо медали махсус мукофотонида мешаванд.
Мусобиқа кай анҷом мегардад? - Мусобиқа дар ду ҳолат анҷомшуда ҳисобида мешавад: вақте ки иштирокчии охирин ва ягона даври охиринро ба анҷом расонидааст ё ҳеҷ кас даври навро оғоз намекунад.
Оё аз дигар кас кӯмак пурсидан мумкин аст? - Дар давоми тамоми давр, ҳама гуна кӯмак аз ҷониби шахси дигар манъ аст. Ҳаводорӣ ва кӯмак метавонад танҳо дар минтақаи оғоз/марра ҷойгир шуда, пешниҳод гардад.
Оё истифодаи чӯбдастҳо (палкаҳо сайёҳӣ) мумкин аст? - Истифодаи асбобҳои ёрирасон (аз ҷумла чӯбдастҳои сайёҳӣ) ва ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ аст.
Оё хӯрок пешниҳод мегардад? - Не. Масъулият барои ғизо дар роҳ ва минтақаи оғоз/марра ба худи ширкаткунандагон аст.
Оё барои иштирокчиён об дода мешавад? - Дар майдони оғоз/марра иштирокчиён бо об таъмин мегарданд.
- Давандагони сустар ба давандагони тезтар бояд роҳ диҳанд.
- Ҳамаи иштирокчиёни Мусобиқа шахсан барои бехатарӣ, ҳаёт ва саломатии худ масъуланд.
- Ташкилкунандагон барои ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни Мусобиқа масъулият надоранд.
- Барои ҳар як иштирокчӣ дарки омилҳои эҳтимолии хатари ҷисмонӣ ва равонӣ, инчунин стрессҳое, ки дар натиҷаи иштирок дар ин Мусобиқа ба вуҷуд омада метавонанд, муҳим аст.
- Дар давоми Мусобиқа иштирокчиён метавонанд ба таъсири ҳароратҳои баланд ва паст дучор шаванд.
- Иштирок дар Мусобиқа метавонад боиси гипотермия, гипертермия, обзадоӣ, гипогликемия, гипонатриемия, гумроҳӣ, хастагии равонӣ ва ҷисмонӣ гардад.
- Ҳамаи иштирокчиён бояд дар бораи хатарҳои марбут ба иштирок дар Мусобиқа маълумоти пурра дошта бошанд ва ин хатарҳоро ба зиммаи худ гиранд.
- Бо ирсоли дархост барои иштирок дар Мусобиқа, иштирокчиён кафолат медиҳанд, ки аз вазъи саломатии худ, ҳудуди қобилиятҳои ҷисмонии худ ва сатҳи малакаҳои техникии худ огоҳ ҳастанд.
- Бо ирсоли дархост барои иштирок, иштирокчиён тасдиқ мекунанд, ки ҳама гуна масъулияти ҷиноятӣ ва/ё шаҳрвандиро дар ҳолати марг, зарар ба саломатӣ, осеби ҷисмонӣ, зарари моддӣ, ки ҳангоми иштирок дар Мусобиқа ба онҳо расидааст, аз дӯши ташкилкунандагон мебардоранд.
- Ҳамаи иштирокчиён дарк мекунанд, ки масир дар минтақаи дурдаст мегузарад, эътироф мекунанд, ки дар ҳолати ҳодисаи нохуш тахлияи таъҷилӣ метавонад муддати тӯлонӣ давом кунад.
- Ташкилкунандагон ҳама чизи имконпазирро мекунанд, то бехатарии масирро таъмин кунанд, аммо дар ниҳоят иштирокчӣ бояд ба малакаҳо ва нерӯи худ такя кунад. Агар Шумо нотобиро ҳис кунед, аз оғози Мусобиқа даст кашед.
- Агар иштирокчӣ дар масофа маводи доругӣ, дардпаст ё зиддиилтиҳобӣ истифода кунад, ӯ масъулияти истифодаи онҳоро ба зиммаи худ мегирад.
- Дар ҳолати шароити номусоиди обу ҳаво (тумани ғафс, барф, борони сахт ё раъду барқ) Ташкилкунандагон ҳуқуқ доранд, ки дар дақиқаи охирин дар масир тағйирот ворид кунанд, ҳатто дар вақти Мусобиқа, то хатарҳои эҳтимолӣ ё шароитеро, ки метавонанд барои иштирокчиён мушкилот эҷод кунанд, бартараф намоянд. Ташкилкунандагон ӯҳдадор мешаванд, ки иштирокчиёнро дар бораи ҳама гуна тағйирот хабардор кунанд. Ташкилкунандагон ҳуқуқ доранд Мусобиқаро боздоранд ё бекор кунанд, агар шароити обу ҳаво тавре бошад, ки иштирокчиён ва кормандонро дар шароити хатарнок қарор диҳад.
- Дар ҳолати гирифтани ҷароҳате, ки ба иштирокчӣ имкон намедиҳад ҳаракатро идома диҳад, ӯ бояд фавран ба рақами алоқаи фаврии Ташкилкунандагон дар бораи ҳодиса хабар диҳад.
БЕКОРКУНИИ ИШТИРОК (ДИСКВАЛИФИКАТСИЯ) Ташкилкунандагон ҳуқуқ доранд дар ҳолати аз ҷониби иштирокчӣ вайрон кардани қоидаҳои Мусобиқа ӯро аз иштирок дар мусобиқа маҳрум созанд.
Вайронкуниҳое, ки боиси маҳрум шудани иштирокчӣ аз мусобиқа мегарданд:
- Иштирокчӣ масофаро кӯтоҳ кардааст (буридааст)
- Иштирокчӣ берун аз минтақаи оғоз/анҷом кӯмаки ғайр гирифтааст
- Иштирокчӣ ҳамроҳии инфиродӣ истифода кардааст
- Иштирокчӣ бо рақами бақайдгирифташудаи иштирокчии дигар давидааст
- Иштирокчӣ воситаи ёрирасон барои ҳаракат (чӯбдастҳои треккингӣ, чӯбдаст, дучарха, самокат, воситаи автомобилӣ барои ҳаракат ва ғайра) истифода кардааст
- Иштирокчӣ давиданро пеш аз оғози расмӣ сар кардааст
- Иштирокчӣ давиданро баъд аз эълони оғоз сар кардааст
- Иштирокчӣ ба минтақаи оғоз/анҷом дар як соати ҷудошуда нарасидааст
- Иштирокчӣ давиданро на аз минтақаи оғоз сар кардааст
- Иштирокчӣ бидуни рақами расмии Мусобиқа давидааст
- Иштирокчӣ қарори Ташкилкунандагонро дар бораи хориҷ кардан аз масофа (вайронкуниҳои дағали қоидаҳо) сарфи назар кардааст
Ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчӣ, Ташкилкунандагон ҳуқуқ доранд давом додани Мусобиқаро манъ кунанд.
Бозгашт