🎉 Соли Навро бо як дави хотирмон оғоз намоед! 🏃♂️✨ 🎉
Тасаввур кунед: 1-уми январ. Шумо ба як соли нав бедор мешавед, бо дили пур аз шодӣ ва шикаме, ки ҳоло аз салатҳо ва хӯрокҳои болаззати шаби гузашта лаззат мебарад. Дунё пур аз имкониятҳо менамояд! Чӣ метавонад беҳтар бошад, аз он ки бо як дави шавқовар ва фаромӯшнашаванда ба Соли Нав шурӯъ кунед? 🏃♀️🎆
📌Маълумот оиди дав: 📅Сана: 01.01.2026 ⏰Вақт: 14:00 📍Макон: Боғи Истиқлол (барои иштирокчиёни дигар шаҳру кишварҳо, вақти давро худ муайян менамоед) 🛣️Масофа: 400м (кӯдакон), 4км, 10км ва 20.26км 💳Маблағ: бе медал 30 сомонӣ, бо медал 80 сомонӣ (пардохт дар саҳифаи бақайдгирӣ ишора шудааст, поен нигаред).
💪 Мегӯянд, ки чӣ гуна рӯзи аввалатонро сипарӣ мекунед, ҳамон тавр соли нав мегузарад. Пас чаро онро фаъол, илҳомбахш ва пур аз хотираҳои ширин насозед? Кафшҳои худро пӯшед, дӯстони худро ҷамъ кунед ва ба Дави Соли Навӣ ҳамроҳ шавед! Новобаста аз сатҳи омодагиатон, барои ҳар кас масофае вуҷуд дорад: 400м (кӯдакон), 4км (кӯдакон ва калонсолон), 10 км ё давиши махсуси 20.26 км, ки рамзи соли навро нишон медиҳад! 🏅✨
🌍 Аз ҳар ҷое, ки ҳастед, бо ҳар касе, ки мехоҳед, бидавед!
Ин чорабинӣ барои ҳама аст — фарқ надорад, ки дар кадом гӯшаи ҷаҳон ҳастед. Дар алоҳидагӣ, бо дӯстон, бо оила ё ҳатто бо кӯдакон иштирок кунед! То дави шумо дуруст сабт карда шавад:
1️⃣ Барномаи Strava-ро насб кунед. 2️⃣ Ба клуби DAV.TJ Running Club дар Strava ҳамроҳ шавед. 3️⃣ Масофаи худро дар барнома сабт кунед. 4️⃣ Натиҷаи худро бо хэштегҳои зерин дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила кунед:
#davtj #davtajikistan #newyearrun ва #iamjumpstartingmyyear. 🌟🌟
🏃♀️ Бо ҳадаф дав кунед
Ҳар як иштирокчӣ рақами иштирокчӣ пешниҳод мегардад, ки дар он шумо метавонед ҳадафи худро барои соли 2026 нависед. Бо ҳадаф дав кунед, бо шодӣ дав кунед ва бигзор ин ҳадаф дар ҳар қадаматон шуморо илҳом бахшад! Ва ҳатман як акси зебо назди арчаи Соли Навӣ гиред. 🎄📸
✨ Ин хотиротро абадӣ гардонед!
Мехоҳед ин таҷрибаи олӣ дар ёдатон монад? Шумо метавонед як медали аҷиби Соли Навӣ фармоиш диҳед, ки ҳамеша ин рӯзатонро ба хотир меорад, ки соли навро чӣ гуна бо фаъолияти пурмуваффақ шурӯъ кардед. 🏅💖
📅 Шитоб кунед! Сабти ном то 31.12.2025 анҷом меёбад!
Нархи иштирок бе медали Соли Навӣ - 30 сомонӣ (аз он ҷумла барои иштирокчиёни онлайн). Ба ҳамаи иштирокчиён рақами иштирокчӣ ирсол мегардад.
Нархи иштирок бо дархости медали Соли Навӣ - 80 сомонӣ. Бақайдгирӣ тавассути пайванди мазкур: https://forms.gle/HTBLr5kFEm3sxiNP8
Соли 2026-ро бо нерӯ, қатъият ва дар ҳамбастагӣ бо иштирокчиёни тамоми ҷаҳон оғоз намоед. Биёед, якҷоя соли навро пешвоз гирем, қадам ба қадам ба орзуҳоямон наздиктар шавем!
Вақт | Чорабинӣ |
Макон: | Душанбе: Боғи Истиқлол (Стелла) |
12:30 - 13:00 | Бақайдгирии давандагони масофаи 20.26км |
13:00 | Оғози дав барои 20.26км давандагон. Ҳамчун вариант, давандагони 20.26км метавонанд аз макони зисти худ давро оғоз намоянд, вале муҳим он аст, ки ин давандагон бояд ба финиши умумӣ ки аз соати 15:00-15:30 сурат мегирад, расида оянд. |
13:50 - 14:00 | Бақайдгирии давандагони 10км |
14:00 | Старт 10км |
14:30 | Бақайдгирии давандагони 400м ва 4км |
14:45 | Машқи гармшавӣ |
15:00 | Оғози дав барои 4км |
15:05 | Оғози дав барои 400м |
15:30 | Финиш барои ҳамаи масофаҳо (мо давандаи охиринро то соати 15:30 интизор мешавем) |
Вақт | Чорабинӣ |
Макон: | Хуҷанд: Боғи Камоли Хуҷандӣ |
12:30 - 13:00 | Бақайдгирии давандагони масофаи 20.26км |
13:00 | Оғози дав барои 20.26км давандагон. Ҳамчун вариант, давандагони 20.26км метавонанд аз макони зисти худ давро оғоз намоянд, вале муҳим он аст, ки ин давандагон бояд ба финиши умумӣ ки аз соати 15:00-15:30 сурат мегирад, расида оянд. |
13:50 - 14:00 | Бақайдгирии давандагони 10км |
14:00 | Старт 10км |
14:15 | Бақайдгирии давандагони 400м ва 4км |
14:45 | Машқи гармшавӣ |
15:00 | Оғози дав барои 4км |
15:05 | Оғози дав барои 400м |
15:30 | Финиш барои ҳамаи масофаҳо (мо давандаи охиринро то соати 15:30 интизор мешавем) |
Масирҳои пешниҳодшуда:
1. Дар дохили Боғи Истиклол (1 давр аз 1.3 км то 1.6 км). Дар боғ нишонаҳо барои гардиш ҷой дода мешаванд, ё
2. Дар соҳили дарёи Душанбинка 👉
Ҳар кадом масирро интихоб кунед, хоҳиш мекунем, километрҳои охиринро дар Боғ давед, то аксбардорони мо шуморо сабт кунанд. Дар финиш: об, чои гарм барои ҳар як иштирокчӣ пешниҳод мегардад.
Агар ягон саволе дошта бошед, лутфан ба боти мо дар Telegram муроҷиат намоед: t.me/davtjsupport_bot
🌟 Омода ҳастед? Пас саҳифаи нави ҳаёти худро бо дави аҷоибот оғоз намоед! 🌟