DAV.TJ
    JOIN US
    Натиҷаи дави Backyard Ultra Tajikistan 2024

    Натиҷаи дави Backyard Ultra Tajikistan 2024

    image

    Рекорди аввалини Тоҷикистон дар дави Backyard Ultra - 16 давра, яъне 16 соатро ташкил дод, ки ғолиби он даванда бо тахаллуси Night Runner гашт. Ин дави хайриявӣ буд, ки ҳамаи маблағи ҷамъшуда аз ҳисоби ин дав барои кӯмак ба онҳое, ки мӯҳтоҷанд равона карда шуд.

    image

    Санаи 13.07.2024 клуби дӯстдорони дави 🇹🇯DAV.TJ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон дави Backyard Ultra Tajikistan 2024 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор намуданд. Дар дав бо формати Backyard Ultra иштирокчиён бояд пайваста масофаи 6706 метрро (6.706 км) дар камтар аз як соат даванд. Пас аз анҷоми даври навбатӣ, вақти боқимондаи то охири соат метавонад бо ихтиёри даванда, аз ҷумла хӯрок хӯрдан, иҷрои эҳтиёҷоти табиӣ ва/ё истироҳат истифода шавад. Барои ин мақсадҳо вақти дигар пешбинӣ нашудааст. Иштирокчие, ки аз ҳама бисёртар давраҳои пурраро анҷом медиҳад, ғолиб мебарояд.

    image

    Дар умум 56 даванда аз чандин минтақаҳои Тоҷикистон аз он ҷумла давандагон аз дигар кишварҳо мисли Канада, Чин, Русия ва Покистон иштирок варзиданд. Дав соати 19:00 (+5GMT) дар назди боғи Ҷавонони пойтахт баргузор шуд ва 16 соат идома ёфт. Натиҷаи ҳар як давраро дар ҷадвали алоҳида дар зери ин нашр пешниҳод менамоем.

    image

    Бояд қайд намуд, ки дар ин дав чанд давандагони клуби DAV.TJ ва берун аз он ҳам тавонистанд рекордҳои шахсии худро нав намоянд ва мо аз номи тамоми дӯстдорони дав давандагоне, ки бори аввал масофаи ултрамарафони худ, марафони аввалини худ ва ниммарафонҳо ва ғайраро анҷом доданд, муборак бод менамоем. Инҳо:

    Ултрамарафон

    Улугбек Халилов 100.6 км
    Улугбек Халилов 100.6 км
    Фаррух Мукимов -  67.1 км
    Фаррух Мукимов - 67.1 км
    https://www.strava.com/activities/11883086619
    Юлдош Юлдошев - 53.6 км (Хуҷанд)
    Юлдош Юлдошев - 53.6 км (Хуҷанд)
    Франк Ю (Fuhui Yu) - 46.9 км (Чин)
    Франк Ю (Fuhui Yu) - 46.9 км (Чин)
    Фируз Косимов - 53.6 км
    Фируз Косимов - 53.6 км

    Марафон

    - Саодат Яхьяева - 42.2 км (
    - Саодат Яхьяева - 42.2 км (гарчанде барои давраи 6-ум андак дер омаданд)

    - Шахнозахон Юсупова - 42.2 км (Хуҷанд, гарчанде барои давраи 6-ум андак дер омаданд) - Султонҷон Абдуқодиров - 42.2 км

    Рекордҳои нав: - Озар Нумонов - 40.2 км - Ҳамрозҷон Қосимов - 33.53 км - Исмоил Муҳаммадов - 26.8 км - Зарина Содиқова - 20.1 км - Ҳадсон Дилшод Кассиди - 20.1 км (Канада) - Кайл Даврон Кассиди - 20.1 км - Нейтан Диловар Кассиди - 20.1 км

    Довар - Wayne Cassidy
    Довар - Wayne Cassidy
    image

    Ин дав бидуни доваригарии одилонаи триатлонисти канадагӣ - Wayne Cassidy (номи тоҷикӣ Абдулвоҳид), ки дар тӯли тамоми дав хоб норафта довариро мебурд, аз номи тамоми давандагон арзи сипос менамоем. Инчунин ба онҳое, ки барои дар роҳҳо давандагонро бо об таъмин намудан, роҳҳоро нишон доданд ва бақайдгирӣ ки кӯмаки беандоза намуданд, барояшон сипос мегӯем, аз он ҷумла: - Фируза Ҷӯраева - Мунавара Раҳмонова - Анзурат Қосимова - Ҳилола Қосимова - Барот Қосимов - Бежан Қосимов - Зарина Содиқова - ва дигарон, ки бетараф набуданд 🙏

    image
    image
    Равшан Гулмуҳаммадзода
    Равшан Гулмуҳаммадзода
    Муҳаммадҷон Қудратуллозода
    Муҳаммадҷон Қудратуллозода
    image
    image
    image
    image
    image
    Bib number
    Athlete name
    Loops
    Total distance (km)
    1
    Maruf Vakhidov
    12
    80.5
    2
    Khurshed Karimov
    1
    6.7
    3
    Mahtobkhon Safarova
    1
    6.7
    5
    Dilshod Juraev
    1
    6.7
    6
    Shahnozakhon Yusupova
    5
    33.5
    7
    Ulugbek Khalilov
    15
    100.6
    8
    Mehrubon Shamsiddinov
    2
    13.4
    9
    Iftikhor Yuldoshev
    1
    6.7
    10
    Hamrozjon Kosimov
    5
    33.5
    11
    Nangar Soomro
    1
    6.7
    12
    Yuldosh Yuldoshev
    8
    53.6
    13
    Zarina Sadykova
    3
    20.1
    14
    Nathan Dilovar Cassidy
    3
    20.1
    15
    Marhabo Temurova
    1
    6.7
    16
    Muhammadjon Qudratullozoda
    2
    13.4
    17
    Zarnigor Yuldosheva
    1
    6.7
    18
    Subhon Rajabov
    1
    6.7
    19
    Bahodur Babakhanov
    3
    20.1
    20
    Night Runner
    16
    107.3
    21
    Nasibakhon Aminova
    2
    13.4
    22
    Farrukh Muqimov
    10
    67.1
    23
    Sergey Shulgin
    10
    67.1
    24
    Saidlukmon Mahmudov
    1
    6.7
    25
    Saodat Yakhyaeva
    5
    33.5
    26
    Khusrav Bozorov
    1
    6.7
    27
    Kathryn Cassidy
    3
    20.1
    30
    Firuz Kosimov
    8
    53.6
    31
    Rustam Sattorov
    1
    6.7
    33
    Nigina Alizoda
    2
    13.4
    34
    Rustam Niyazov
    1
    6.7
    35
    Fuhui Yu
    7
    46.9
    38
    Hudson Dilshod Cassidy
    3
    20.1
    40
    Sulton Abdukadyrov
    6
    40.2
    43
    Muhammad Saidov
    1
    6.7
    44
    Dmitry Melnikov
    4
    26.8
    45
    Bahodur Davlatov
    1
    6.7
    46
    Khojaev Ahmadkhon
    0
    0
    50
    Khurshed Valiev
    1
    6.7
    51
    Najibulloi Khudoyorzoda
    2
    13.4
    52
    Umarjon Ermamatov
    0
    0
    53
    Husniya Fayzulloeva
    1
    6.7
    54
    Roza Timoshenko
    0
    0
    55
    Ravshan Gulmuhammadzoda
    3
    20.1
    56
    Rahmoni Parviz
    3
    20.1
    57
    Nekruz Navruzov
    1
    6.7
    58
    Valijon Rizoev
    1
    6.7
    59
    Firdavs Buriev
    3
    20.1
    60
    Jahongir Arabov
    1
    6.7
    61
    Aayaan Soomro
    1
    6.7
    62
    Ismoil Muhammadov
    4
    26.8
    63
    Ozar Numonov
    6
    40.2
    64
    Nigina Ikromi
    1
    6.7
    65
    Umed Pochoev
    1
    6.7
    66
    Kyle Davron Cassidy
    3
    20.1
    67
    Roohaan Soomro
    1
    6.7
    68
    Sultonjon Usmonov
    3
    20.1
    69
    Gulbahor Singh
    1
    6.7
    70
    Sitoramo Khisorieva
    3
    20.1
    Total:
    1260.1 km

    Link to race results in Google Sheets

    Read this in English | Читайте данное на русском

    #davtj #davtajikistan #teamdavtj #BYU #BackyardUltra #BackyardUltraTajikistan #BackyardUltraTajikistan2024

    Logo
    InstagramTelegramFacebookYouTubeTwitch